Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи миллӣ, АНМН, бахши саноат ва кор бо ҷавонон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи Миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар соҳаҳои саноат ва кор бо ҷавонон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи Миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар соҳаҳои саноат ва кор бо ҷавонон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд.

Ҳамин тариқ Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Се нафари дигар ба вазифаҳои гуногуни сохторҳои махсуси ҳамин мақомот таъин гардиданд.

Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Гвардияи миллӣ таъиншуда дорои тахассуси олии ҳарбӣ ва хатмкардагони донишгоҳу академияҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Дар доираи тағйроти кадрӣ дар соҳаи саноат Заробиддин Файзуллоев Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД “Коргоҳи машинасозӣ”, ҶСК “Трансформатор” ва КВД “Ҷамаст” иваз карда шуданд.

Эмомиддин Аслов Муовини вазири энергетика ва захираҳо об таъин гардид.

Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Мавсумахон Муинова Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Миралиев Муовини раиси ҳамин кумита таъин карда шуданд.

Ду нафар кормандони ҳамин кумита, аз ҷумла муовини якуми раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва сардори раёсати кумита Носир Буриев ба вазифаҳои мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Тавре аён гардид, қисми зиёди нафарони имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида кадрҳои ҷавону ояндадор мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.