Ширкати чинии Huahe International бозори Тоҷикистонро меомӯзад

Ҳайати ширкати Huahe International-и Чин бо мақсади омӯзиши имконоти бозор ва роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорон ба Тоҷикистон омад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта президенти ширкати Huahe International Лю Чуану бо раиси ПСС ҶТ Шариф Саид мулоқот анҷом дод. Дар вуохӯрӣ ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои […]

ASIA-Plus



Ҳайати ширкати Huahe International-и Чин бо мақсади омӯзиши имконоти бозор ва роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорон ба Тоҷикистон омад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта президенти ширкати Huahe International Лю Чуану бо раиси ПСС ҶТ Шариф Саид мулоқот анҷом дод. Дар вуохӯрӣ ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон Азизбек Шарифов ва корманди ширкати «Сомон Капитал» Муборакшо Махшӯлов низ ҳузур доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодии байни кишварҳо, масоили марбут ба муҳити сармоягузорӣ ва имкони рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

«Ширкатҳои чинӣ талош доранд, ки ба бозорҳои нав роҳ ёбанд, – изҳор дошт Лю Чуану. – Дар Тоҷикистон истеҳсолоте мавҷуда аст, ки соҳибкорони Чин ба он таваҷҷуҳ доранд ва дар ин бахш метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд. Масалан, соҳибкорони Чин ба бахшҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, дӯзандагиву бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ доранд».

Раиси ПСС ҶТ зикр кард, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад, то ки ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд. «Албатта, ин ба шаклҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин низ тақвият мебахшад», – афзуд Шариф Саид.

Huahe International – ширкати махсуси хизматрасонии сармоягузориву консалтингӣ ба корхонаҳои Чин ва хориҷӣ аст. Он дар шаҳри Урумчӣ сабти ном шуда, ба роҳёбии истеҳсолкунандагони Чин ба бозорҳои беруна мусоидат ва ба дарёфти шарикони хориҷӣ ва саҳмгузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак кумак мекунад. Huahe International ҳамчунин ба ширкатҳое, ки дар бозори Чин майли фаъолият доранд, низ кумаку мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.