АНМН: Арзёбии хизматрасонии табобати нашъамандӣ аз ҷониби намояндаи СММ

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудов бо мушовири байналмиллалии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Йозеф Радиметский баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҷаноби Радиметский ба Тоҷикистон барои гузаронидани баҳодиҳии хизматрасонии табобати нашъамандӣ дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудов бо мушовири байналмиллалии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Йозеф Радиметский баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҷаноби Радиметский ба Тоҷикистон барои гузаронидани баҳодиҳии хизматрасонии табобати нашъамандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи зербарномаи “Пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ дар байни гурӯҳҳои озурдаи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташриф овардааст.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи “Барномаи миллии пешгирии нашъамандӣ ва такмил додани кӯмаки наркологӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017”, марҳилаи лоиҳавии терапияи метадонӣ муҳокима гардиданд. Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ – ин пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он аз тарафи Агентӣ чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон гузаронида, буклетҳо ба хати арабӣ нашр ва ба иштирокчиён паҳн гардиданд. Ҳамкории судманди ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ бо Агентӣ дар масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ махсус қайд гардид.

Инчунин фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муҳокима гардид, ки дар он рафти таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баррасӣ гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ мебошад.

Инчунин зарурияти омӯзиш ва аз нав омода сохтани кадрҳо дар соҳаи назорат аз болои муомилоти қонунии маводи нашъаовар, нашр намудани плакатҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудни видеороликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати кормандони диспансери наркологӣ ба усулҳои нави табобат қайд гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.