Шиносоии нахуствазир бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои Сарбанд ва Хилтони соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои Сарбанд ва Хилтони соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба канали Чубек, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар маблағгузорӣ шудаанд, аз наздик ошно гардид.

«Дар мавзеъҳои зикршуда ва канали Чубек корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, нахуствазир ба корхонаву ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати захираи маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмон ва ҷалби техникаи иловагӣ баҳри суръат бахшидан ба корҳо дастуру супоришҳо дод», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.