Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот зикр шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон имзои Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи ҶТ ва корпоратсияи фаронсавии Areva Mines-ро маъқул шуморидааст.
«Дар Ёддошт нияти ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати омӯзиши боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон ифода ёфта, ин ҳуҷҷат аз соли 2013 мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт», – зикр карданд дар Саридораи геология.
Ҳанӯз соли гузашта Areva изҳор дошта буд, ки хоҳони баргузории корҳои озмоишӣ аст ва агар иншооти мувофиқи мавриди таваҷҷуҳи онҳо пайдо шавад, сипас онҳо бо тартиби муқаррашуда барои гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатномавӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 8-уми июл сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба баргузории корҳои геологиву иктишофӣ дар майдонҳои уран ва минбаъд коркарди конҳои уран ва дигар боигариҳои нодири зеризаминӣ манфиатдор мебошад.
Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки ҳукумат ва президенти кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса дошта, ояндаи наздик Барномаи омӯзиши таркибҳои нодири зеризаминӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 қабул мешавад.
Ҷумъазода шарҳ дода буд, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳи зиёд ба ин масъала, айни замон дар Тоҷикистон конҳои уран вуҷуд надоранд, вале зуҳуроти он мушоҳида шуда, бо баргузории корҳои геологиву иктишофӣ ва муайян кардани захираҳои ин маъдан, конҳои уран дар ҷумҳурӣ кашф шуда метавонанд.
Қобили зикр аст, ки корпоратсияи фаронсавии Areva Mines яке аз ширкатҳои бузургтарини коркарди маъдани уран дар саросари ҷаҳон ба шумор рафта, тобистони соли 2013 ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии интернетӣ, корпоратсияи энергетикии «Арева» дар бозори саноати атомии Фаронса монополист ва яке аз ширкатҳои пешсафи ин соҳа дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.



