ВКХ Тоҷикистон маротибаи дуюм вохӯрӣ бо журналистонро нодида мегирад

Дар авҷи рӯйдодҳои муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи январи соли равон ба вуқӯъ пайваста буд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳар баҳона нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи вазоратро баргузор накард. Қобили зикр аст, ки нишастҳои хабарии вазорату идораҳои кишвар мувофиқи супориши президенти Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, дар ним сол […]

ASIA-Plus



Дар авҷи рӯйдодҳои муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи январи соли равон ба вуқӯъ пайваста буд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳар баҳона нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи вазоратро баргузор накард.

Қобили зикр аст, ки нишастҳои хабарии вазорату идораҳои кишвар мувофиқи супориши президенти Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, дар ним сол як маротиба гузаронида мешаванд.

Он замон аксари коршиносон баргузор нашудани нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуриро ба худдорӣ аз шарҳи рӯйдодҳои муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбат дода буданд.

Раҳбарияти ВКХ Тоҷикистон ин дафъа низ ҷадвали баргузории нишастҳои хабариро, ки аз ҷониби дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат таҳия гардидаву имрӯз, 15-уми июл бояд нишасти хабарии вазорати мазкур бо журналистон доир мегардид, риоя накард.

Аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки «бинобар сабаби дар сафари хидматӣ қарор доштани вазир», баргузории нишасти хабарӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта мешавад. Дар ҳамин ҳол, мушахаасан зикр нагардид, ки вазир Сироҷиддин Аслов чандрӯзаву ба куҷо сафар мекунад ё аллакай дар сафар қарор дорад.

Аксари рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки ВКХ Тоҷикистон маротибаи дуюм низ вохӯрӣ бо журналистонро бо сабаби маротибаи аввал – дар буҳрон қарор гирифтани муносибатҳо бо Қирғизистон ба таъхир меандозад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.