Коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли бори транзитӣ тариқи Тоҷикистон

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли бори транзитӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон 26 ҳазор тонна коҳиш ёфта, 52,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ маблағи умумии ҳамлу нақли борҳои транзитӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 129,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, […]

Заррина Эргашева



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли бори транзитӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон 26 ҳазор тонна коҳиш ёфта, 52,2 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ маблағи умумии ҳамлу нақли борҳои транзитӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон дар ин давра 129,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. $ камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, тариқи қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 100 навъи бори транзитӣ ҳамлу нақл мешавад, ки асосан аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ ва аз кишварҳои хориҷӣ ба Афғонистон сурат гирифта, номгӯи борҳои мазкур аз воситаҳои нақлиёт, реакторҳои ядроӣ, дегҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои механикӣ, маснӯот аз фулузоти сиёҳ, дастгоҳҳои правозкунанда ва кайҳонӣ, нахи пахта, алюминий, ҳамчунин маҳсулоти ғизойӣ, асбобу таҷҳизоти варзишӣ, мебел, бозича, масолеҳи сохтмон, маснуоти дӯзандагиву бофандагӣ, сарулибосу пойафзол ва ғайра иборатанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.