Шиносоии Салимзода бо рафти тафтиши рӯйдоди ахир дар ҷамоати Ворух

Бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти тафтиши ҳодисаи рӯзи 10-уми июл дар деҳаи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф овард. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Шерхон Салимзода ба аёдати сокинони деҳаи […]

Баҳром Файзуллоев



Бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти тафтиши ҳодисаи рӯзи 10-уми июл дар деҳаи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф овард.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Шерхон Салимзода ба аёдати сокинони деҳаи Бедак ва ду нафар марзбонони захмишуда ба бемористон рафта, табибон ба ӯ изҳор намуданд, ки вазъи солимии ҳамаи ҷабридагон қаноатбахш аст.

«Зимни вохӯрӣ бо захмишудагон прокурори генералӣ аз вазъи солимии онҳо пурсон шуда, зикр кард, ки айни замон оид ба ин ҳодиса тафтиш ҷараён дорад ва аз ин ҳодиса тибқи меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд», – гуфт Тешаев.

Ба қавли ӯ, сипас Шерхон Салимзода бо аъзои гурӯҳи тафтишотӣ вохӯрда, ҳамчунин бо рафти тафтиши ҳодисаи 10-уми июл шинос шуд. «Дар ин сафар Шерхон Салимзодаро муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сагинов, прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода ва раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ҳамроҳӣ карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон вазъ дар марзи Исфараи Тоҷикистону Қирғизистон ором буда, ҳамаи роҳҳои наздимарзӣ кушода мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.