Дар ҷараёни чорабинии навбатӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК «Ӯрунхоҷаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,6 гектар ба миқдори 11 ҳазору 700 бех растаниҳои худрӯи бангдона ошкор намуданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании канабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад. Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Агентӣ, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳолҳои ошкоршуда решакан ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.
Гуфта мешавад, инчунин дар чорчӯбаи ин амалиёт дар ҳудуди Душанбе кормандони Агентӣ ду нафар сокини пойтахт – яке сокини 30-сола, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекунад ва дигарӣ – сокини 40-сола – посбони яке аз корхонаҳои шаҳрро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Қобили зикр аст, ки амалиёти «Кӯкнор-2014» 20-уми майи соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.



