Кормандони АНМН ҳудуди 12 ҳазор бех ниҳоли бангдонаро нобуд карданд

Дар ҷараёни чорабинии навбатӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК «Ӯрунхоҷаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,6 гектар ба миқдори 11 ҳазору  700 бех растаниҳои худрӯи бангдона ошкор намуданд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи лабораторияи […]



Дар ҷараёни чорабинии навбатӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК «Ӯрунхоҷаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,6 гектар ба миқдори 11 ҳазору  700 бех растаниҳои худрӯи бангдона ошкор намуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ ниҳолҳои ошкоршуда растании канабис буда, дар таркиби онҳо маводи нашъаовари «тетрогидроканнабинол» мавҷуд мебошад. Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Агентӣ, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳолҳои ошкоршуда решакан ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин дар чорчӯбаи ин амалиёт дар ҳудуди Душанбе кормандони Агентӣ ду нафар сокини пойтахт – яке сокини 30-сола, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекунад ва дигарӣ – сокини 40-сола – посбони яке аз корхонаҳои шаҳрро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Қобили зикр аст, ки амалиёти «Кӯкнор-2014» 20-уми майи соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.           

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.