Хадамоти зиддинҳисорӣ оид ба пешниҳоди бамаротиб боло бурдани тарифҳои барқ

Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки нимсолаи аввали соли равон ба тасҳеҳи тарифҳои истифодаи барқ машғул буд, бамаротиб боло бурдани нархи истифода аз нерӯи барқро пешниҳод намуд. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдусамад Раҷабзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади раҳоии ширкати «Барқи тоҷик» аз буҳрони молӣ, гуруҳи корӣ бамаротиб […]

Пайрав Чоршанбиев



Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки нимсолаи аввали соли равон ба тасҳеҳи тарифҳои истифодаи барқ машғул буд, бамаротиб боло бурдани нархи истифода аз нерӯи барқро пешниҳод намуд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Абдусамад Раҷабзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади раҳоии ширкати «Барқи тоҷик» аз буҳрони молӣ, гуруҳи корӣ бамаротиб боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқро пешниҳод кардааст.

«Пас аз таҳлили фаъолияти «Барқи тоҷик» гурӯҳи корӣ ба хулоса расид, ки тарифҳои нерӯи барқ бояд 20% афзуда шаванд, аммо Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор («Барқи тоҷик» ва истеъмолгарони нерӯи барқ)-ро омӯхта, 15% боло бурдани тарифҳоро пешниҳод намуд, ки он қабул шуд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 1-уми июли соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 15% зиёд шуданд.

Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарифҳои истифодаи нерӯи барқ ба аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 12,60 дирам; истеъмолгари асосӣ – корхонаи «ТАЛКО» аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 7,2 дирам ва дар мавсими зимистон аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 11,80 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 30,60; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 12,20 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 2,20 дирам, ташкилотҳо ва муасисаҳои буҷетӣ – 22,40 дирам, бахши ғайрибуҷетӣ – 75,80 дирам, нақлиёти барқӣ – 8,20 дирам муқаррар карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.