Тайи ним сол дар Тоҷикистон беш аз 1 тонна тилло истеҳсол шуд

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 кило бештар аст. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар вазорат умедворанд, ки то ахири сол истеҳсоли тилло дар […]



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 кило бештар аст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар вазорат умедворанд, ки то ахири сол истеҳсоли тилло дар кишвар ба 3 тонна расонида мешавад.

«Мо бовар дорем, ки ба туфайли роҳандозии корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар КМ «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин – бузургтарин корхонаи истеҳсоли тилло дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 3 тонна тилло дар соли равон имконпазир аст. Нимсолаи аввал дар ин корхона 771 кило тилло истеҳсол шуд, ки ба беш аз 60% аз ҳаҷми умумии истеҳсол баробар аст», – гуфт  Ш.Бобозода.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар ин давра 943,6 килоро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нисолаи аввали соли гузашта 43,2 кило зиёдтар мебошад. «Дар зарфи 6 моҳ ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши саноати истихроҷи кӯҳӣба сурати умум 405,5 млн. сомонӣ (82,8 млн. $0-ро ташкил дода, аз ҳама бештар ба КМ «Зарафшон» (56 млн. $) маблағгузорӣ шуд», – зикр кард вазир.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли равон афзоиши иқтидорҳои КМ «Зарафшон» дар назар буда, коргоҳи нави коркарди тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ва коргоҳи поксозии мис, ки дар конҳои корхона истихроҷ мешавад, мавриди истифода қарор мегиранд. Ба туфайли ин соли 2014 корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба 2,5 тонна расониданист.

Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» буда, 25%-и саҳмияҳои корхона ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи ҳаҷми истихроҷи тилло КМ «Зарафшон» корхонаи бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис дода шуд. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт.

Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои хурди атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.

Соли 2013 дар Тоҷикистон 2 ҳазору 672,4 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 273,5 кило зиёдтар буда, аз нақшаи пешбинишуда (2,5 тонна) барзиёд аст. Аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон соли гузашта 973,87 килояш ба хориҷи кишвар содир шуда, 370,92 килояшро Вазорати молия, 1 ҳазору 382,5 килояшро Бонки миллии Тоҷикистон ва 3,12 килояшро корхонаҳои истеҳсоли маснӯоти заргарӣ хариданд.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон 1 ҳазору 832 килоро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 64 кило зиёдтар буда, тамоми нуқраи истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар бароварда шудааст ва танҳо 22,08 килояшро Вазорати молияи кишвар ва  92,51 килояшро корхонаҳои заргарӣ харидаанд.

Соли 2013 КМ «Зарафшон 1 ҳазору 694,76 кг, КМ «Апрелевка» – 516,74 кг, корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик» – 364,90 кг, коргоҳи заршӯии «Одина – 167,62 кг ва дигар корхонаҳои хурд миқдори боқимондаи тиллоро истеҳсол карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.