Суд қарори пардохти маблағ ба зиёиён аз ҷониби «Азия-Плюс»-ро боздошт



Додгоҳи олӣ иҷрои қарори зинаи поёнии судӣ оид парвандаи «зиёиён», ки мутобиқи он нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бояд ба даъвогарон зиёни маънавӣ ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд, боздошт.

Ба гуфтаи адвокат Иноят Иноятов, 21-уми июли соли ҷорӣ таъинот оид ба боздошти иҷрои қарои суди зинаи поёниро Суди олӣ ба унвони Суди олии ноҳияи Фирдавсӣ ирсол намуд. «Пардохти ҷарима муваққатан то ба итмом расидани баррасии парванда дар Суди олӣ боздошта мешавад», – гуфт адвокат.

Дар ҳамин ҳол, то имрӯз нашрияи «Азия-Плюс» ба даъвогарон 5 ҳазор сомонӣ ва шахсан Олга Тутубалина 1 ҳазор сомонӣ аз маблаги ҷаримаро пардохт намуданд.

Санаи 4-уми июл муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина такроран ба Суди олии Тоҷикистон

шикояти назоратӣ бурд

. Шикояти аввал ба Суди олӣ рӯзи 23-юми июн пешниҳод гардида, дар он даъвогарон талаб карданд, ки ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсӣ ва қарори коллегияи судии шаҳри Душанбе бекор ва иҷрои қарори суд то баррасии парвандаи шаҳрвандӣ дар зинаи назоратии Суди олӣ боздошта шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» 

(Неинтелегентно об интеллигенции)

 аз ҷониби муҳаррир Олга Тутубалина, даъвогарон – Академияи илмҳо, Иттиҳоди нависандагон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди меъморон ва се шахси воқеӣ – Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х. Раҳматов аз суд дархост карданд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 25-уми феврал оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

 қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор кард.

Санаи 18-уми март адвокатҳои газета ва муҳаррири он аз болои қарор шикоят бурда, зикр карданд, ки ҳалномаи мазкур «беасос» ва «ғайриқонунӣ» аст. Онҳо зикр карданд, ки Тутубалина барои суханони Ленин аз нигоҳи ҳуқуқӣ масъул буда наметавонад. Аммо коллегияи судии суди шаҳр, ки рӯзи 30-юми апрел баргузор шуд, шикояти кассатсионии нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалинаро 

қонеъ накарда,

 қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи Азия-Плюс»-ро бетағйир боқӣ гузошт.

spot_imgspot_img

Популярное