Пешгирии хариду фурӯши ғайриқонунии тилло дар Хуҷанд



Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд аз як ҳодисаи хариду фурӯши ғайриқонунии тилло ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар ин амали ғайриқонунӣ сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд Зафар Ӯлмасов, Наимҷон Зокирови 27-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрвани Эрон Шкарчи Маҷид боздошт шудаанд.

«Муайян карда шуд, ки Зафар Ӯлмасов бо Наимҷон Зокиров рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»”-и ш.Хуҷанд ақди ғайриқонунӣ баста, Зокиров бар ивази 1000-доллари амрикоӣ ба Ӯлмасов ба миқдори 26,41-гр метали рангаш зардро фурӯхтааст, – омадааст дар хабари ВКД. – Ҳамчунин Ӯлмасов бо шаҳрванди Эрон Шкарчи Маҷид рӯзи 12-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ақди ғайриқонунӣ баста, аз ӯ бар ивази 2400-доллари амрикоӣ ба миқдори 54,78-гр метали рангаш зардро харидорӣ намудааст».

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи бадастомада, металлҳои мазкур «тилло»-и иёраш 999 буда, вазни умумиашон 81,17-гр ва арзишашон 16340-сомониро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное