Кумаки хайрияи ВКД ба мактаб-интернати №1-и пойтахт

Дар остонаи фарорасии иди моҳи шарифи Рамазон ҳайати шахсии Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ ба мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маблағи пулии зиёда аз 1000 сомонӣ кӯмаки хайрия расонид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур барои оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, маводи ғизоӣ аз қабили орд, […]

ASIA-Plus



Дар остонаи фарорасии иди моҳи шарифи Рамазон ҳайати шахсии Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ ба мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маблағи пулии зиёда аз 1000 сомонӣ кӯмаки хайрия расонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур барои оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, маводи ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, равған ба маблағи беш аз 900 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати шахсии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД мудом аз ҳолу аҳволи фарзандони бесаробонмондаи кормандони собиқи худ, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, бохабар шуда, кӯмаку дастгирӣ менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.