Муродалӣ Алимардон сокинони Ворухро ба таҳаммулпазирӣ даъват кард



Зимни вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ доир гардид, масолии сохтмони роҳҳои фаромарзӣ, дастрасӣ ба об ва чарогоҳҳо ва ҳамчунин мавҷуд будани посгоҳҳои ғайриқонунии марзӣ баррасӣ шуданд.

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, ҳадаф аз сафари гурӯҳи корӣ ба Исфара таҳти сарварии муовини нахуствазир ва ҳамзамон раиси комиссияи байниҳукуматӣ аз ҷониби Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ омӯзиши вазъ дар манотиқи наздимарзӣ қабл аз гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон мебошад.

«Муовини нахуствазирро дар ин сафар раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи ҶТ Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ва ҳамчунин дигар роҳбарони сохторҳои давлатии дахлдор ҳамроҳӣ намуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли яке аз иштирокчиёни вохӯрӣ, зимни суҳбат Муродалӣ Алитмардон дар навбати аввал сокинони ҷамоатро ба оромиву сабр ва таҳаммулпазирӣ нисбати ҳамсоякишвар даъвт намуда, изҳор доштааст, ки онҳо бо супориши президенти мамлакат дар остонаи оғози гуфтушуниди навбатӣ бо қирғизҳо омадаанд, то ки диду назар ва пешниҳодҳои сокинони маҳаллиро шунида, дар ҷараёни гуфтушунид онҳоро ба инобат гиранд.

Сокинони ҷамоат бар ин назаранд, ки мушкилоти дастрасии бемамониат ба роҳҳо ду роҳи ҳал дорад – сохтмони роҳи алтернатвии новобаста ба кишвари ҳамсоя дар мавзеи Тангӣ бо минбаъд аломатгузории он ё васеъ кардану истифодаи муштараки роҳи Ворух-Исфара бо муайн кардани маҳдудиятҳо барои ҳарду ҷониб.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба мушкилоти дастрасӣ ба об сокинони Ворух пешниҳод намудаанд, ки тарҳҳои ҷониби Қирғизистон дар бахши идоракунии захираҳои обӣ дар сатҳи ҳукумат мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шавад, зеро ба андешаи онҳо, дар сурати амалишавии ин тарҳҳо, душвор гардидани дастрасии аҳолии Исфара ва ҳатто Конибодом ба об аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ ҳамчунин ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи дастрасӣ ба чарогоҳҳоро талаб намуда, бо изҳори таассуф зикр кардаанд, ки солҳои пешин аллакай моҳи май сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон чорвои худро ба чарогоҳҳои тобистона бароварда метавонистанд, вале имсол ин масъала то ҳанӯз ҳал нашудааст.

Сокинони маҳаллӣ ҳамчунин дархост кардаанд, ки масъалаи имкони ифтитоҳи шуъбаи ҷарроҳӣ дар назди Маркази солимии ҷамоати Ворух баррасӣ карда шавад, зеро бинобар зуд-зуд баста шудани роҳи Ворух-Исфара, ба то беморхонаи марказии шаҳри Исфара расонидани беморони ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёздошта имконият надоранд.

Дар ин робита раиси вилояти Суғд Абдарҳмон Қодирӣ ба тезонидани корҳои лоиҳакашии ин шуъба дастур фармуда, итминон додааст, ки маблағгузории сохтмони шуъба барои 10 катро соли равон буҷети вилоят таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар муовини нахуствазир ва ҳамроҳони ӯ ба аёдати оилаи С.Шаропови дар муноқишаи рӯзи 10-уми июл ҳалокушда рафта, ба аҳли оила ва наздикони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуданд. 

spot_imgspot_img

Популярное