Оғози ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Душанбе

Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз намуд, ки то рӯзи 29-уми июл идома меёбад. Бино ба маълумоти торнамои scosummit2014.tj, ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни кори он масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз намуд, ки то рӯзи 29-уми июл идома меёбад.

Бино ба маълумоти торнамои scosummit2014.tj, ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни кори он масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ ва ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Созмон баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 30-31-уми июл дар Душанбе ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ низ рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.