Машқҳои муштараки низомии СААД дар Қирғизистон

Дар доираи густариши ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 27 июл то 2 августи соли 2014 дар машқгоҳи Алоотои шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2014» бо нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир мегардад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳои […]

ASIA-Plus



Дар доираи густариши ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 27 июл то 2 августи соли 2014 дар машқгоҳи Алоотои шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2014» бо нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир мегардад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳои муштарак аз Тоҷикистон гурӯҳҳои фаврӣ ва як взводи Баталёни сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ширкат хоҳанд намуд. Ҳамчунин гурӯҳҳои фаврӣ аз Ҷумҳурии Армения, Белорусия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва як ротаи гурӯҳи тактикӣ аз Федератсияи Россия ширкат меварзанд.

Ба иттилои мнабаъ, ҳадаф аз ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак байни ҷумҳуриҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дасатаҷамъӣ, ин пеш аз ҳама таҳкими пойдории сулҳу субот, муттаҳидии нерӯҳои сулҳҷӯёна ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо мебошад.

Гуфта мешавад, ҷараёни машқҳои муштаракро афсари масъули Вазорати мудофиа аз Раёсати амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ҷамшед Саидов бар ӯҳда дорад. Дар назар аст, ки даври ниҳоии машқҳои муштаракро роҳбарону намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ назорат хоҳанд намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.