Обхезӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад, – раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Date:



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ мувофиқи меъёр аст ва ба Тоҷикистон обхезӣ таҳдид намекунад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов.






Ба қавли ӯ, ҳарчанд зимистона имсола сербориш омада бошад ҳам, хушксолии фасли баҳор эҳтимолияти обхезиҳоро бартараф сохт. «Мо ҳамарӯза мониторинги сатҳи оби рӯдхонаҳои кишварро мегузаронем ва ҳеҷ таҳдиди офатҳои табииро мушоҳида намекунем», – гуфт вай.





Дар шарҳи масъалаи сатҳи оби обанбори Норак роҳбари кумита чунин изҳори назар кард, ки он дар сатҳи миёнаи чандинсола қарор дорад ва чун анъана охирҳои моҳи август ё аввалҳои моҳи сентябр то ҳадди ниҳоӣ пур мешавад. «Истифодаи минбаъдаи оби он ба мо вобаста аст», – гуфт Ҳ.Латифов.





Ӯ аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ҳангоми оббозӣ дар наҳру кӯлҳо ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд. «Ҳамасола танҳо дар шаҳри Душанбе 60 нафар ғарқ мешаванд, – идома дод вай. – Аз хотир набояд фаромӯш сохт, ки дарёҳои Тоҷикистон аксаран кӯҳианду об дар он хеле босуръат ҷорӣ мешавад, аммо кумитаи мо танҳо чаҳор сарулибоси наҷотдиҳии ғарқшудагонро дорост, ки он ҳам танҳо дар рӯдхонаҳои ҷараёни обаш ором истифода бурда мешавад».





Дар анҷом Ҳ.Латифов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар наҳру кӯлҳои ҷумҳурӣ 33 нафар ғарқ шудаанд.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...