Агентии зиддифасод: Қудратовро 10 соли зиндон интизор аст

Date:



Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунаҳкор будани адвокат Шуҳрат Қудратов, ки рӯзи 21-уми июл дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, шубҳа надорад.

«Ба аз ҷониби Қудратов содир шудани ҷинояти ба ӯ нисбатдодашуда ман ҳеҷ шубҳае надорам», – гуфт Ғоиб ва зикр кард, ки адвокат бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора барои минбаъд ба судя додани он боздошт шудааст.

Ба гуфтаи раҳбари Агентӣ, оид ба гуфтушунидҳои Қудратов дар робита ба додани пора сабтҳои аудиоӣ мавҷуданд, ки баъди як моҳ ҷиҳати шиносии намояндагони ВАО бо он имкон пайдо мешавад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб қайд кард, ки ҳангоми кофтуков дар манзили Қудратов дар ҳаҷми 20 ҳазор доллари ИМА маблағҳои пулӣ дарёфт ва мусодира гардида, айни замон сарчашмаҳои ба даст овардани ин маблағҳо ошкор карда мешавад.

Директори Агентии зиддифасод таъкид дошт, ки Қудратовро аз 5 то 10 соли зиндон интизор аст. «Агар гуноҳи Қудратов собит шавад, мутобиқи тағийроти чанде қабл воридшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура», пас аз адои муҳлати ҷазо дар зиндон, ӯ аз фаъолияти адвокатӣ барканор мегардад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар робита ба сабабҳои боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов рӯзи 23-юми июл 

маълумоти расмӣ 

интишор намуд.

Сипас Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро 

шахсан ҳимоят мекунад

. Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти ӯ

изҳор намуд,

ки Шуҳрат Қудратов эътироф намудааст, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои порадиҳӣ ба судя.

Баъдан ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов 

изҳорот пахш намуда,

 аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандахои Ш.Қудратов ва Ф.Зокиров мунсифонаву беғараз баррасӣ карда шаванд.

Рӯзи 25 июл адвокат Шуҳрат Қудратов аз боздоштгоҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...