Раҳмон: Кишварҳои СҲШ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд ягона бошанд

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”. […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ин ҷаласа мавзӯъҳо ва муҳтавои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайяну мушаххас мешаванд.

Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла изҳор дошт: “ин созмон дар роҳи ба минтақаи сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва рушди бонизом табдил додани минтақаи мо дорои имконоти васеи ҳанӯз истифоданашуда мебошад” ва таъкид дошт: “мусоидат ба татбиқи босамари чунин имконот аз ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон аст”.

Президенти кишвар аз тадбирҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд мавқеи ҳамсону ҳамоҳангшуда дошта бошем”.

Дар робита ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор гардид, ки “дар ояндаи наздик бояд мувофиқасозии омилҳои ташкил ва ба кор даровардани Хазинаи рушд (Ҳисоби махсус) ва Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай бояд ба итмом расонда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2015 ва дигар санадҳои мавриди муҳокима қарордошта то ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон омода гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш мусоидати фаъол мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.