Супоридани тест барои баргаштан ба мактаби рақами 8-и пойтахт

Мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе боз ба кӯдакистон табдил дода шуда, толибилмони ин мактаб аз 1-уми сентябр дар мактаби нав ба таҳсил мепардозанд. Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақиров дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми толибилмон ва ҳайати омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ба мактаби рақами 8 гузаронида мешаванд, ки баъди таъмиру таҷдид аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе боз ба кӯдакистон табдил дода шуда, толибилмони ин мактаб аз 1-уми сентябр дар мактаби нав ба таҳсил мепардозанд.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақиров дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми толибилмон ва ҳайати омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ба мактаби рақами 8 гузаронида мешаванд, ки баъди таъмиру таҷдид аз соли нави хониш ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Ба гуфтаи вай, мутобиқи қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳанӯз 10 сол қабл бинои кӯдакистон ба ихтиёри мактаби рақами 14 супурда шуда, акнун дар ин ҷо боз муассисаи томактабӣ амал хоҳад кард.

Мудири мактаби рақами 8-и пойтахт Н.Ғайратова ба Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала қайд кард, ки толибилмони мактаби мазкур, ки дар давраи таъмиру азнавсозии мактаб ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуда буданд, ба мактаби нав бармегарданд, аммо на ҳамаи толибилмон паси мизи мактаби «пешина»-и худ нишаста метавонанд. «Дар байни толибилмони синфҳои 10 ва 11 озмун гузаронида шуда, танҳо афроде, ки муваффақона аз он мегузаранд, дар мактаби нав таҳсил карда метавонанд», – иброз дошт мудири мактаб.

Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иқоматдошта ба синфи якуми мактаб қабул карда мешаванд ва ин гуфтаҳои ӯро Фақиров ҳам тасдиқ намуда, зикр кард, ки ба синфи якуми мактаби нав қабули кӯдакон танҳо тибқи маҳалли зист сурат мегирад.

«То 1-уми август мо шумори толибилмони мактабҳои №8 ва №14-ро ба ҳисоб гирифта, сипас муайян хоҳад шуд, ки боз чӣ қадар қабули толибилмон имкон дорад. Дар робита ба омӯзгорон бошад, гуфтаниам, ки ҳамаи онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки маросими ботантанаи

ифтитоҳи мактаби №8

-и шаҳри Душанбе баъди таъмиру азнавсозӣ санаи 19 марти соли ҷорӣ бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Кунун мактаб аз 5 бинои таълимӣ, ки сетоаш чорошёна, яке сеошёна ва панҷумаш дуошёна мебошад, иборат аст. Илова бар ин, мактаб дорои бинои маҷмааи махсуси варзишӣ мебошад, ки он аз ҳавзи шиноварӣ, толори универсалии варзишӣ, толор барои тенниси рӯи миз ва ошхона бо 192 ҷойи нишаст иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио