Президент вазири корҳои хориҷии Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт

Date:



Бегоҳии рӯзи 31-уми июл  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуд.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои дипломатӣ, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизитсон аз тамоми имконоти мусоид бояд пурсамар истифода бурд.

Ҳамчунин таъкид бар он шуд, ки шарикии пурсамари минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон бояд халалнопазир боқӣ монад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related