Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар Тоҷикистон 2,4% афзуд

Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 468 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат ё худ 2,4% зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки тамоили сабти бештари ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ба беҳтар шудани фаъолияти кормандони […]



Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 468 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат ё худ 2,4% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки тамоили сабти бештари ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ба беҳтар шудани фаъолияти кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар самти ошкор кардани ҷинояткорон марбут мебошад.

«Қобили зикр аст, ки мушкили асосӣ   дар ин самт ҷанҷолу занозанӣ ва муноқишаҳои дастаҷамъона миёни ноболиғон буда, мо талош дорем, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни ин муноқишаҳо беҷазо намонанд, вале ба он такя хоҳем кард, ки миёни ноболиғон корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шаванд, чунки танҳо бо ҷазо наметавон ин падидаро аз байн бурд», – гуфт Салимзода.

Бо ёдоварӣ аз

ҳодисаи кордзанӣ

миёни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Душанбе дар соли равон, ки бар асари он толибилми синфи 11-уми мактаби №66 Бурҳониддин Зарифов ба ҳалокат расид, прокурори генералӣ зикр кард, ки гунаҳкорони ин ҳодиса дар сурати собит шудани айбашон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.