Даъвати Шӯрои сиёсии ҲНИТ оид ба бознигарии ҳукми Адолатов

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳукми 5 сол ҳабси раиси шуъбаи вилоятии ҳизб дар Бадахшонро маҳкум намуда, инро як амали интиқомҷуёна ва иғвогарона аз тарафи баъзе мақомот медонад. Дар изҳороти дар ин робита интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИт зикр мегардад, ки пас аз шаҳодати собиқ роҳбарони ин шуъба Имомназар Имомназаров ва Сабзаалӣ Мамадризоев, Саъодатшоҳ ҳамчун […]



Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

ҳукми 5 сол ҳабси

раиси шуъбаи вилоятии ҳизб дар Бадахшонро маҳкум намуда, инро як амали интиқомҷуёна ва иғвогарона аз тарафи баъзе мақомот медонад.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИт зикр мегардад, ки пас аз шаҳодати собиқ роҳбарони ин шуъба Имомназар Имомназаров ва Сабзаалӣ Мамадризоев, Саъодатшоҳ ҳамчун як ҷавонмарди ҷасур ва боақида нишон дод, ки бо қатлу куштор ва фишор наметавон пеши роҳи андеша ва иродаи инсонҳои бедорро гирифт.

«Маъмулан, пайдоиши чунин маводҳо дар солҳои «репрессия» ва мутаъассифона, дар рӯзҳои мо ҳам, нишонаи тасмимҳои сиёсӣ нисбати афрод ва гурӯҳҳо будааст, ки баъдан мақомоти марбута онҳоро сохтакорона, тобиши ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ медиҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бо чунин услуб дилхоҳ инсонро айбдор дониста, рақибони сиёсӣ ва гуногунандешро мавриди таъкиб ва фишор қарор медиҳанд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши ин баёния бори дигар диққати роҳбарияти кишварро ба ин раванди номатлуб ҷалб менамояд, ки иқдомҳои лозимиро бияндешанд, то баъзе афрод ва ниҳодҳо Тоҷикистонро ба як кишвари дорои ҳокимияти комилан худкомаи саркубгар табдил надиҳанд.

«Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват мекунад, ки мақомот дар қазияи Саъодатшоҳ Адолатов бознигарӣ намуда, ин ҳукми беасосро аз болои ишон бардоранд», – баён мегардад дар изҳоротии Шӯрои сиёсии ҳизб.

Инчунин даъват мешавад, ки аз таъқибу фишорҳо алайҳи дигарандешон даст кашида, пеши роҳи болоравии рӯҳияи эътирозӣ ва норозигии мардум аз сиёсатҳои ахири ниҳодҳои давлатӣ алайҳи ҳизбу ҳаракатҳо ва афроди оддӣ гирифта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.