Раҳмон: Мо муносибатҳои дӯстона бо Чинро гиромӣ медорем

Нимаи дуюми рӯзи 31-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Йи-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони […]



Нимаи дуюми рӯзи 31-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Йи-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир гардид.

“Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалияти доимии сиёсати хориҷии мо ва намунаи ибратбахши робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аст”, – изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин зикр гардид, ки “муносиботи ҳасанаи мо ба ҳамсонӣ ва наздикии мавқеъҳои ду давлат дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ба мувофиқати қавлу амали мо дар масоили рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар такя доранд”.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, “миёни мақомоти сатҳи олӣ ва баланди Тоҷикистону Чин боварии амиқи дуҷониба, дӯстии самимӣ ва дастгирии ҳамдигар ташаккул ёфтааст ва мо ин ҳолатро гиромӣ медорем”.

Чунонки зикр гардид, шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ки як сол пеш эълон гардида буд, бо густариши робитаҳо ва ҳамкории амиқи судбахш дар амал эҳсос мегардад.

Тасмимоти басо муҳими дуҷониба, аз ҷумла доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, оғози корҳо барои маблағгузорӣ ва сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2015-2020 намунаҳои пурарзиши шарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя номида шуд.

Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва илму техника табодули назар карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар самти нигаҳдории амну суботи минтақавӣ зоҳир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.