Чанде қабл сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода директори генералии ширкати ТВЕА (Tebian Electric Apparatus )-и Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуда, ба масъалаи сохтмони маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«Расулзода аз роҳбари ширкати ТВЕА дархост кард, ки ба анҷоми сохтмони навбати аввали маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 мегаватт суръат бахшида шуда, омода намудани лоиҳаи оғози сохтмони навбати дуюми марказ иборат аз ду агрегат бо иқтидори 150 мегаваттӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад», – гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи омода кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷик барои бахши энегетика ва соҳаи роҳу нақлиёт дар Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


