Мулоқоти сарвазири бо роҳбари ширкати ТВЕА

Чанде қабл сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода директори генералии ширкати ТВЕА (Tebian Electric Apparatus )-и Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуда, ба масъалаи сохтмони маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. «Расулзода аз роҳбари ширкати ТВЕА […]



Чанде қабл сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода директори генералии ширкати ТВЕА (Tebian Electric Apparatus )-и Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуда, ба масъалаи сохтмони маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

«Расулзода аз роҳбари ширкати ТВЕА дархост кард, ки ба анҷоми сохтмони навбати аввали маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 мегаватт суръат бахшида шуда, омода намудани лоиҳаи оғози сохтмони навбати дуюми марказ иборат аз ду агрегат бо иқтидори 150 мегаваттӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи омода кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷик барои бахши энегетика ва соҳаи роҳу нақлиёт дар Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.