Дастури раиси пойтахт оид ба аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ то нишасти СҲШ

Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба масоили марбут ба омодагии пойтахт ба баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр ва 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе машварати махсус баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварати мазкур қарор шуд, […]



Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба масоили марбут ба омодагии пойтахт ба баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр ва 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе машварати махсус баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварати мазкур қарор шуд, ки шурӯъ аз 5-уми август ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва нимаи аввали шанбе роҳбарони шуъбаҳо, раёсати мақомоти шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои шаҳр бо ҷалби аҳли ҷомеа баҳри ободонии шаҳр шанбегиҳо доир мекунанд дар ин муддат аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи қарори раиси пойтахт, як қатор кӯчаҳои шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ тағйири ном карданд. Ҳамин тариқ, кӯчаи Молодая гвардия ба кӯчаи меъмор Рустам Каримов, кӯчаи Крупская ба кӯчаи ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, мактаби №35 ба номи олим Рустамбек Юсуфов, литсейи №1 ба номи омӯзгор Ниёз Сафар, мактаби №72 ба номи шоира Гулчеҳра Сулаймонӣ, мактаби №87 ба номи нависанда Шодӣ Ҳаниф ва мактаби №97 ба номи собиқ муовини раиси пойтахт Абдулҳақ Оев номгузорӣ шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.