Рустам Азимов: Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ Роғунро дастгирӣ намекунад

Дар вохӯрии ахири намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолате амалишавии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад. Ӯ зикр кардааст, ки хулосаҳои мушовирону коршиносон оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои […]



Дар вохӯрии ахири намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолате амалишавии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад.

Ӯ зикр кардааст, ки хулосаҳои мушовирону коршиносон оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои Ӯзбекистон комилан қобили қабул нестанд. «Мушовирону коршиносон усули «ҳам ба мову ҳам ба шумо»-ро сармашқи амал қарор додаанд, саҳеҳтараш ин лоиҳаро бо ҳар роҳу арзиш ва ба хотири кадом ҳадафе гузарониданӣ шудаанд, ки ин лоиҳа дар замони шӯравии бузургсохтмонӣ бидуни назардошти манфиатҳои аҳолӣ ва кишварҳои маҷрои миёна ва поёноби Амӯдарё таҳия гардидааст», – баён мегардад дар

суханронии Азимов

, ки дар портали ҳукумати Ӯзбекистон интишор шудаааст.

«Аз ин рӯ, – қайд мекунад муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон, – дар бораи мувофиқасозии хулосаҳои асосӣ аз ҷониби мо, ки дар санадҳои пешниҳодшуда дарҷ ёфтаанд, ҳарфе ҳам буда наметавонад».

Азимов таъкид доштааст, ки Ӯзбекистон то ин замон дар машваратҳои доиргардида дар марҳилаҳои фосилавии ба истилоҳ «ташхис»-и лоиҳа иштирок надошт. «Сабаби ин муътақидии мо бар он аст, ки ҷараёни ташкили он, интихоби мушовирон, маблағгузорӣ, муайян кардани вазифаҳои техникӣ ва дигар нишондиҳандаҳо, ки натиҷаҳои ниҳоии ташхис ба он вобаста аст, ба меъёрҳои байнулмилалии эътирофшудаи мустақилият, беғаразӣ, воқеъбинӣ ва шаффофият ҷавобгӯ нестанд», – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Р.Азимов, Ӯзбекистон умед дошт, ки дар фаъолияти худ оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун Бонки ҷаҳонӣ аз усулҳои бунёдии бовиҷдонӣ, шаффофӣ, воқеъбинӣ ва таҷрибаи байнулмилалии беҳтарин истифода мекунад.

«Вале мутаассифона, ин умедҳо ҷомаи амал напӯшиданд. Бонки ҷаҳонӣ боисрор қисмати зиёди далелҳо ва мавқеъҳои асонок нисбати таҳдидҳои миқёсии техногенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғунро нодида гирифт. Дар ин хусус дар гузоришҳои нашршуда мавҷуд набудани ягон посухи асоснок ба масоили калидии чандин маротиба аз ҷониби Ӯзбекистон пешниҳодшуда гувоҳӣ медиҳанд», – таъкид месозад муовини аввали нахуствазири кишвари ҳамсоя.

«Бо назардошти ин вазъ, раҳбарияти Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки ба вохӯрии имрӯза ҳайатеро сафарбар намояд, то ки мавқеи усулии мо оид ба ин лоиҳа изҳор гардида, ҳамчунин ба натиҷаҳои «ташхис»-и лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун баҳо дода шавад», – гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, зимни сухарониаш Азимов ҳамчунин гуфтааст, Ӯзбекистон пешниҳод мекунад, ки натиҷа ва хулосаҳои гузоришҳои арзёбӣ ҷиҳати хулосабарории ҳирфаӣ оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ғайриқаноатбахш ва нокофӣ шуморида шаванд.

«Ҷумҳурии Ӯзбекиситон бори дигар пешниҳод мекунад, ки саҳеҳан таҳияи дубора ва арзёбии коришиносонаи вариантҳои алтернативӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии миёна ва хурд бо обанборҳои захираи шабонарӯзӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқу гармидиҳӣ ва афзудани иқтидори чунин нерӯгоҳҳои мавҷуда дар заминаи конҳои ангишти Тоҷикистон ва истифодаи дигар имконоти оқилона гузаронида шавад, ки бо хароҷоти назарраси камтар ба ҳалли мушкилоти камбуди барқ дар Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳтар шароит муҳайё месозанд ва тавозуни обиро вайрон накарда, барои тамоми минтақа таҳдидҳои фалокатбори техногенӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд намеорад», – зикр кардаст муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.