Боздошти сардухтури Маркази бемориҳои рӯҳии Суғд барои порагирӣ

Сардухтури Маркази бемориҳои рӯҳии виляоти Суғд ҳангоми порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Аз Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба сардори раёсати мазкур шаҳрванди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Б.Р. муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки сардухтури маркази зикршуда барои додани хулосаи тиббӣ дар бораи муайян кардани вазъи рӯҳии […]



Сардухтури Маркази бемориҳои рӯҳии виляоти Суғд ҳангоми порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Аз Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба сардори раёсати мазкур шаҳрванди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Б.Р. муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки сардухтури маркази зикршуда барои додани хулосаи тиббӣ дар бораи муайян кардани вазъи рӯҳии писараш, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аз ӯ 1000 доллари ИМА маблағ талаб карда, дар ниҳояти кор, баъди «савдо» ба гирифтани 600 доллари ИМА барои «хизматҳояш» розӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, табиби 61-сола зимни порагирӣ бо далели шайъӣ дар ҳуҷраи кориаш боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора шахсан аз ҷониби мансабдор ё тариқи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 19 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.