Бонки ҷаҳонӣ кумакаш ба Тоҷикистон дар солҳои наздикро муайян кард

Муддати чор соли оянда Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавассути сандуқи мавҷудаи лоиҳаҳо ва ҳамчунин сармоягузориҳои нав ба бахшҳои маориф, таъминот бо об ва санитария, обёрӣ, нақлиёт ва идоракунии молияи давлатӣ мусоидат мекунад. Дар ин бораи дар Стратегияи дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2015-2018 маълумот дода мешавад. Дар ин давра Бонки ҷаҳонӣ […]



Муддати чор соли оянда Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавассути сандуқи мавҷудаи лоиҳаҳо ва ҳамчунин сармоягузориҳои нав ба бахшҳои маориф, таъминот бо об ва санитария, обёрӣ, нақлиёт ва идоракунии молияи давлатӣ мусоидат мекунад. Дар ин бораи дар

Стратегияи

дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2015-2018 маълумот дода мешавад.

Дар ин давра Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин тариқи баргузор намудани таҳлил ва қарздиҳӣ ба ҳадафҳои рушд, ба Тоҷикистон кумак расонидан дар амалисозии ислоҳоти сохторӣ дар бахшҳои энергетика ва молия ба хотири ҳавасмандсозии рушди бештар фаъолро низ тарҳрезӣ намудааст.

Зикр мегардад, ки Стратегияи нав ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон тавассути тавсеъаи имконот барои бахши хусусӣ, гурӯҳҳои камбизоат ва осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 955 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.