Донишкадаи ҳарбӣ ҳудуди 200 нафар донишҷӯ қабул мекунад

Ахири ҳафтаи равон қабули донишҷӯёни нав ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба итмом мерасад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз аввали моҳи июли соли равон беш аз 500 нафар довталаб ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҳуҷҷат супорида, аз ин шумора зиёда аз 60 нафарашон бинобар мутобиқат накардани вазъи саломатӣ аз […]



Ахири ҳафтаи равон қабули донишҷӯёни нав ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз аввали моҳи июли соли равон беш аз 500 нафар довталаб ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҳуҷҷат супорида, аз ин шумора зиёда аз 60 нафарашон бинобар мутобиқат накардани вазъи саломатӣ аз комиссияи тиббӣ боз пас гардонида шуданд.

«Ҳайати комиссияи қабулро, ки ба он роҳбарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиаи шомиланд, муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуалим Назаров роҳбарӣ мекунад», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, довталабон барои шомил шудан ба Донишкадаи ҳарбӣ аз фанҳои забони модарӣ ва математика ба таври хаттӣ ва аз фанни физика бошад, тариқи шифоҳӣ имтиҳон месупоранд ва ҳамзамон омодагии ҷисмонии онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои санҷишу имтиҳонот ҳудуди 200 нафар ҷавонон ба ҳайси донишҷӯи Донишкадаи ҳарбӣ қабул карда мешаванд», – зикр мегардад дар хабар.

Зимнан зикр гардид, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 14 ихтисос афсрони низомӣ омода мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро хатмкардагони ин донишкада ташкил медиҳанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.