Ҳукми 5 соли зиндон ба судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои порагирӣ

Аз оғози сол дар вилояти Суғд танҳо як судя барои содир намудани ҷиноят маҳкум карда шуд. «Суди олии Тоҷикистон судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои порагирӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард», – изҳор дошт сардори шуъбаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маъруф Бобоҷониён. Ба гуфтаи ӯ, Дилшод Рофиев, судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин аз […]



Аз оғози сол дар вилояти Суғд танҳо як судя барои содир намудани ҷиноят маҳкум карда шуд.

«Суди олии Тоҷикистон судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои порагирӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард», – изҳор дошт сардори шуъбаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маъруф Бобоҷониён.

Ба гуфтаи ӯ, Дилшод Рофиев, судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати се сол баъди озодӣ низ маҳрум гардид.

Бобоҷониён қайд кард, ки дар зарфи 6 моҳ соли равон ба шуъбаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сокинони вилоят оид ба фаъолияти судяҳо ва кормандони мақомоти судии вилоят 98 арзу шикоят ворид шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.