Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои муфаттишони прокуратура оид ба дар ҳабс нигоҳ доштани панҷ нафар ҷавонони гумонбар ба қатли посбони ширкати «Азия-Тобако Трейдинг»-ро қонеъ намуд.
Тавре ба Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, нисбат ба Фаррух Норов, Давлат Бӯриев ва Субҳон Бобоҷонов мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду нафари дигари ҳамлакарда – Бахтовар Нуров ва Суҳроб Боев аз рӯи моддаи 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки 30-юми июли соли ҷорӣ, соати 06:00-дақиқа ҷасади шаҳрванд Исмоилов Раҳим соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи кӯчаи Хуҷамбиёи-болои ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз ҳуҷраи посбонхонаи ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи А. Мухторови ноҳияи Исомили Сомонӣ дарёфт карда шудааст.
Баъди расидани хабар, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти милитсия дарҳол гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи изи гарм ҷинояти содиршуда ошкор карда шуд.
Аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандон Фаррух Норов ва Давлат Бӯриев, ҳарду 27-сола, Субҳон Бобоҷонови 23-сола, Бахтовар Нурови19-сола ва Суҳроб Боеви 29-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуданд, ки нафарони мазкур бо мақсади ғоратгарӣ ба ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг” ворид шуда, посбони ин корхона Исмоилов Раҳимро бо чӯбдаст зада, аз ҳаёт маҳрум намудаанд.



