Қонеъ шудани даъвои ҳабси қотилони ҷавони посбони ширкати «Азия-Тобако Трейдинг»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои муфаттишони прокуратура оид ба дар ҳабс нигоҳ доштани панҷ нафар ҷавонони гумонбар ба қатли посбони ширкати «Азия-Тобако Трейдинг»-ро қонеъ намуд. Тавре ба Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, нисбат ба Фаррух Норов, Давлат Бӯриев ва Субҳон Бобоҷонов мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду нафари дигари ҳамлакарда […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои муфаттишони прокуратура оид ба дар ҳабс нигоҳ доштани панҷ нафар ҷавонони гумонбар ба қатли посбони ширкати «Азия-Тобако Трейдинг»-ро қонеъ намуд.

Тавре ба Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, нисбат ба Фаррух Норов, Давлат Бӯриев ва Субҳон Бобоҷонов мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати ду нафари дигари ҳамлакарда – Бахтовар Нуров ва Суҳроб Боев аз рӯи моддаи 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми июли соли ҷорӣ, соати 06:00-дақиқа ҷасади шаҳрванд Исмоилов Раҳим соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи кӯчаи  Хуҷамбиёи-болои ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз ҳуҷраи посбонхонаи ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи А. Мухторови ноҳияи Исомили Сомонӣ дарёфт карда шудааст.

Баъди расидани хабар, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти милитсия дарҳол гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи изи гарм ҷинояти содиршуда ошкор карда шуд.

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандон Фаррух Норов ва Давлат Бӯриев, ҳарду 27-сола, Субҳон Бобоҷонови 23-сола, Бахтовар Нурови19-сола ва Суҳроб Боеви 29-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуданд, ки нафарони мазкур бо мақсади ғоратгарӣ ба ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг” ворид шуда, посбони ин корхона Исмоилов Раҳимро бо чӯбдаст зада, аз ҳаёт маҳрум намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.