Барқияи тасаллияти Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи заминларзаи фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба ҳалокати қариб 380 нафар боис гардид, ба раиси ин кишвар Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои […]



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи заминларзаи фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ба ҳалокати қариб 380 нафар боис гардид, ба раиси ин кишвар Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андӯҳгин намуд».

«Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллиёти самимии моро ба халқи дӯсти Чин, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ва инчунин эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба зарардидагон бирасонед», – таъкид месозад дар барқия сарвари давлати Тоҷикистон.

Ин заминларзаи мудҳиш нимаи дуюми рӯзи 3-юми август, соати 16-30 ба вақти маҳаллӣ (13-30 вақти Душанбе)  рух дода, маркази он дар 234 километрии ҷануби ғарби шаҳри Чжатоун воқеъ буд. Тибқи иттилои ахири расонаҳои хабарӣ, тӯли 14 соли ахир ин заминҷунбии сахттарин дар Юннан буда, бар асари он ҳадди ақал 380 тан ҳалок ва ҳудуди 2 ҳазор нафар осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.