Ҳалокати як ҷавон бар асари кордзанӣ дар Хоруғ

Бар асари ҳлдисаи кордзанӣ дар маркази маъмурии Бадахшон – шаҳри Хоруғ як ҷавони 19-сола ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 2-юми август Рахул Рустамбекови 24-сола аз ҳиссиёти авбошӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Фирдавс Амиршов ва Гуласар Азимшоев, ҳарду 19-сола ба муноқиша пардохтааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ бо корд 1-маротиба ба […]



Бар асари ҳлдисаи кордзанӣ дар маркази маъмурии Бадахшон – шаҳри Хоруғ як ҷавони 19-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 2-юми август Рахул Рустамбекови 24-сола аз ҳиссиёти авбошӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Фирдавс Амиршов ва Гуласар Азимшоев, ҳарду 19-сола ба муноқиша пардохтааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи гардани Фирдавс Амиршоев ва 1-маротибаи дигар ба қабурғаҳои Гуласар Азимшоев задаст, ки дар натиҷа Ф.Амиршоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидаааст ва Р.Азимшоев бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, Рахул Рустамбеков аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.