Сарвари давлат ба Бадахшон рафт

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт. Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст.. Ба иттилои манбаъ, зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.






Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст..





Ба иттилои манбаъ, зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, сохтмони як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз наздик ошно мегардад.





Тавре қаблан хабар додем, сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад.





Интизор меравад, ки дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд.

 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.