Кормандони АНМН малакаи касбии худро такмил медиҳанд



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мунтазам малакаи касбии худро такмил дода, дониши амалӣ ва назариявии худро бо дарназардошти талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мукаммал мегардонанд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи Нақшаи омодагии касбӣ дар Маркази таълимии Агентӣ курси аз нав омода намудани кормандони Шуъбаи оперативӣ-навбатдории Агентӣ ташкил карда шудааст.

Курсҳои мазкурро аъзои Шӯрои собиқадорони Агентӣ полковники мустаъфӣ Мамадалибеков А. мегузаронад, ки дар соҳаи мазкур таҷрибаи бой дорад.

Дар машғулият дастурдиҳанда шунавандагонро оид ба масъалаҳои умумии ташкили кори Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ бо қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти Агентиро ба танзим медароранд, шинос менамояд.

Инчунин дар толори тирпарронии Агентӣ машғулият дар байни ҳайати шахсӣ оид ба тирпарронии интерактивӣ бо истифодаи воситаҳои иловагии компютерӣ ва таппончаи Макаров таҳти роҳбарии дастурдиҳандаи таҷрибадор аз Шуъбаи таъиноти махсуси Агентӣ гузаронида мешавад.

Рӯзи 4 августи соли 2014 дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и СҚС КДАМ ҶТ тренинг аз рӯи марҳилаи сеюми лоиҳа оид ба созмон додани алоқаи байниидоравӣ дар байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҶТ дар чорчӯбаи барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар оғоз гардид, ки онро Фармондиҳии Маркази ШМА амалӣ мегардонад.

Муҳандисони радиоӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, КДАМ, СҚС, ВКД, Хадамоти гумруки Тоҷикистон сатҳи касбии худро дар соҳаи таҷҳизоти радиоӣ ва алоқаи радиоии байниидоравӣ баланд мебардоранд.

spot_imgspot_img

Популярное