Гумонбарии корманди хадамоти зиддиинҳисории Суғд ба порагирӣ



Корманди Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ш.М. ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди хадамоти зиддиинҳисории вилоят барои тартиб надодани санади қонуншикании маъмурӣ аз шаҳрванд А.К. ба сифати пора 1500 сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, корманди хадамот аввал аз ин шаҳрванд 600 сомонӣ маблағ гирифта, ҳангоми гирифтани боз 600 сомонии дигар бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 19 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное