Дар Конибодом Рӯзи забонро ҷашн мегиранд

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон ҳунармандони театри мусиқиву драмавии Конибодом намоишномаи нав омода месозанд. Директори театри номбурда Сиддиқбой Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашнҳои 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли гиромидошти забони тоҷикӣ ҳунармандони театр аз рӯи песаи драматурги […]

Акмал Алиев



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон ҳунармандони театри мусиқиву драмавии Конибодом намоишномаи нав омода месозанд.






Директори театри номбурда Сиддиқбой Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашнҳои 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли гиромидошти забони тоҷикӣ ҳунармандони театр аз рӯи песаи драматурги маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазода намоишномаи наверо бо номи «Рӯзи охирини биноӣ»

 

омода сохта истодаанд.





Ба гуфтаи С.Неъматов, коргардони намоишнома Мухтор Ҳайдаров буда, он ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ бахшида шудааст.





«Намоишнома бори нахуст 22-уми июл, дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи забон ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд», – афзуд директори театр.





Дар ҳамин ҳол, котиби комиссияи шаҳрӣ оид ба назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» Солеҳа Ваҳҳобова дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» баён дошт, ки чанде қабл дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ва арбобони шинохтаи сиёсату илм дар мавзӯи аҳамияти забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ва масоили рушди фарҳанг, илм ва маориф сӯҳбатҳову вохӯриҳои ҷолиб барпо шуданд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.