Тамринҳои низомии бузургмиқёс дар рӯзи ҷашни десантчиёни тоҷик

Чанде қабл ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ ва тамринҳои низомӣ доир гардид. Дар чорабинии бошукӯҳи идона, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо, раиси вилояти Хатлон, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, собиқ десанчиён, наздикону пайвандони сарбозон ва меҳмонони зиёд гирд омада буданд. Бино ба иттилои […]



Чанде қабл ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик дар машқгоҳи ҳарбии Фахрободи вилояти Хатлон чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ ва тамринҳои низомӣ доир гардид. Дар чорабинии бошукӯҳи идона, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо, раиси вилояти Хатлон, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, собиқ десанчиён, наздикону пайвандони сарбозон ва меҳмонони зиёд гирд омада буданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар машқҳои низомӣ, ҷузъу томҳои як баталёни ҳамлаовари десантӣ ширкат намуда, чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, яроқу аслиҳаи сабуки оташфишон ва дигар лавозимоти ҳарбӣ истифода гардиданд.

Гуфта мешавад, расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозон аз назди минбар ва ҳайатҳои роҳбарӣ, яке аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши чорабинӣ ба муносибати иди касбии десантчиёни тоҷик гардид.

Бригадаи десантӣ-зарбавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан соли 1997-ум дар заминаи як баталёни десантӣ таъсис ёфта буд ва он то соли 2003-юм ба ҳайси як воҳиди алоҳидаи низомӣ дар ҳайати Артиши миллӣ фаъолият менамуд. Дар доираи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ё худ зимни ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллӣ моҳи сентябри соли 2003-юм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти Вазорати мудофиаи мамлакат Қӯшунҳои зудамал ташкил карда шуд, ки ҳама қисмҳои низомии десантӣ ба ҳайати он шомил гаштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.