ВКД ва Вазорати мудофиа: Вазъ дар Хоруғ ором аст

Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде қабл интишоргардида дар ВАО-и хориҷӣ дар бораи оғози хурӯҷи воҳидҳои пурзӯршудаи милиса ва артиш аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро рад карданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъде чанде аз бетартибиҳои моҳи май дар […]

Аваз Юлдошев



Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде қабл интишоргардида дар ВАО-и хориҷӣ дар бораи оғози хурӯҷи воҳидҳои пурзӯршудаи милиса ва артиш аз маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғро рад карданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъде чанде аз бетартибиҳои моҳи май дар Хоруғ, ки бар асари он се нафар сокинони маҳаллӣ ва як корманди милиса ба ҳалокат расида буданд, ба маркази маъмурии ВМКБ нерӯ ва воситаҳои иловагии вазорат сафарбар нашуда буданд. «Барои ба Хоруғ сафарбар намудани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ҳеҷ зарурате набуд ва нест», – иброз дошт ӯ.

Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов низ сафарбарии воҳидҳои иловагии мақомоти милиса ба шаҳри Хоруғ дар моҳи майро рад кард. Ҳарду ҳам зикр карданд, ки чун нерӯ ва воситахои иловагӣ сафарбар нашуда буданд, пас барои хориҷ кардан ҳам чизе нест.

Дар робита ба маълумоти нашршуда оид ба аз ҷониби ҳукуматдорони шаҳри Хоруғ ба низомиён манъ кардани ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ, Ф.Маҳмадалиев ва Ҷ.Садриддинов таъкид намуданд, ки бо фармони президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз аз соли 1999 ба кормандони сохторҳои қудратӣ ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ манъ шудааст.

«Ғайр аз ин, бо фармони вазири мудофиаи кишвар тартиби дар бар доштани сарулибоси ҳарбӣ муқаррар шудааст, ки мутобиқи он хизматчии ҳарбӣ ба ҳузур доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сарулибос ва лавозимоти ҳарбӣ ҳуқуқ надорад», – таъкид кард сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа.

Дар мавриди мълумоти интишоргардида бобати муташанниҷ шудани вазъ дар Хоруғ баъди қатли ду сокини маҳаллӣ шаби рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, Ҷ.Садриддинов зикр кард, ки вазъ дар шаҳри Хоруғ орому амн буда, сокинони маҳаллӣ ба тафтиши парвандаи ҷиноии аз рӯи ин ҳодиса бозшуда мусоидат мекунанд.

«Гурӯҳи фаврии тафтишотӣ, ки шахсан аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ барои тафтиши ин ҷиноят ба Хоруғ сафарбар шуд, дар шаҳр машғули таҳқиқи ҳодиса мебошанд», – иброз дошт сардори маркази мтабуоти ВКД ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода ҷараёни тафтиши 

қатли ду сокини шаҳри Хоруғ

 Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро шахсан зери назорат гирифт.

Ҷасадҳои онҳо бо ҷароҳатҳо аз тири силоҳи оташфишон дар мавзеи Наводаки наздик ба шаҳри Хоруғ дар дохили автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес бенс-600» дарёфт шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...