Нахуствазири кишвар Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда (превентивӣ) дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории кишварҳои минтақа дар бахшҳои обу энергетика ва ҳалли […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда (превентивӣ) дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории кишварҳои минтақа дар бахшҳои обу энергетика ва ҳалли мушкилот дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

«Зикр гардид, ки СММ ва сохторҳои он ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба сохтмони роҳҳои минтақавӣ ва роҳандозии робитаҳои нақлиётии комуникатсиониро ҳамеша дастгирӣ мекунад», – қайд кард Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин рафти омодагиҳои Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.