Ширкати сохтмонии вилояти Маскав бинокорони тоҷикро ба кор даъват мекунад

Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо директори ҶДММ «Стройпромет»-и вилояти Маскав директори ин ширкат Павел Бабанин изҳор намудааст, ки корхонааш мутахассисони бинокори тоҷикро ба кор даъват мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар […]

Аваз Юлдошев



Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо директори ҶДММ «Стройпромет»-и вилояти Маскав директори ин ширкат Павел Бабанин изҳор намудааст, ки корхонааш мутахассисони бинокори тоҷикро ба кор даъват мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони намояндагӣ аз комплекси сохтмониву истеҳсолии ин корхона боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши коргарон шинос шуданд.

«Маълум шуд, ки дар ин ширкат беш аз 15 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик машғули кор буда, ҳамаашон бо манзили зист, шароити хуби корӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии будубошу фаъолият дар қаламрави Русия таъминанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, зимни вохӯрӣ қайд шудааст, ки  ҳамаи кормандон софдилона меҳнат карда, саривақт уҳдадориҳои меҳнаташонро ба иҷро мерасонанд ва инро дар суҳбат худи муҳоҷирон низ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки шароити кор ва будубошашон хуб буда, сарвақт музди меҳнаташон пардохта мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур миёни намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва ин корхона дар бораи ҳамкории минбаъда бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик шартнома ба имзо расидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат