Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 16 август ТҶ «Alegria» ва тарабхонаи «Delhi darbar» ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон чорабинии фарҳангии «Фестивали рангҳо» барпо мекунанд. Оғоз соати 15-00. Маълумот дар ин хусусро тариқи телефони 905 00 11 66 дарёфт карда метавонед; – 16 август бозиҳои даври 10-уми Лигаи олии футбол: КМВА «Помир» – Парвоз (варзишгоҳи КМВА «Помир»), «Хуҷанд» – […]

ASIA-Plus



Анонс


– 16 август

ТҶ «Alegria» ва тарабхонаи «Delhi darbar» ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон чорабинии фарҳангии «Фестивали рангҳо» барпо мекунанд. Оғоз соати 15-00. Маълумот дар ин хусусро тариқи телефони 905 00 11 66 дарёфт карда метавонед;


– 16 август

бозиҳои даври 10-уми Лигаи олии футбол: КМВА «Помир» – Парвоз (варзишгоҳи КМВА «Помир»), «Хуҷанд» – «Хайр» (варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон). Оғози бозиҳо соати 17-00;


– 16-17 август

муддати 3 соат чорабинии фарҳангии «Боздид аз обсерваторияи астрономии Ҳисор» доир мегардад. Ҷоми ҷамъшавӣ: истгоҳи назди Хонаи радио (ТВ «Баҳористон»). Расонидан то ҷои экскурсия ва бозгашт бо автобус. Шумори одамон дар гурӯҳи экскурсионӣ – 15 нафар. Арзиши экскурсия 50 сомонӣ (барои кӯдакон) ва 60 сомонӣ (барои калонсолон). Телефони тамос барои сабт – (90) 677 -11-11;


– 17 август

бозиҳои даври 10-уми Лигаи олии футбол: «Истиқлол» – «Вахш» (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) ва «Далерон-Ӯротеппа» – «Регар-ТадАЗ» (варзишгоҳи марказии Истаравшан). Оғози бозиҳо соати 17-00.

 



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9820

сомонӣ;


1

евро –

6.6771

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


91



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




16 Август


2006

— Президенти Тоҷикистон ба унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Сочии Русия сазовор дониста шуд.


2011 —

Дар ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон пули чорум дар болои дарёи Панҷро ифтитоҳ намуд, ки Тоҷикистону Афғонистоноро бо ҳам пайваст.


1933

– Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.


1952-1998

– Мавлуди рӯзноманигор Бӯстон Шакурӣ.


1964

– Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Раҳим Азимов.


1974

– Мавлуди қаҳрамони ҷаҳон Раҳимқул Малахбеков.


17 Август

Рӯзи кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Рӯзи кормандони роҳи оҳан.


2002

– Аз Қарочӣ 123 нафар гурезагоне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбурӣ ватанро тарк карда буданд, ба Душанбе баргаштанд.


2011

— Президенти Тоҷикистонро ба яке аз унвонҳои олии ҷомеаи аврупоӣ дар соҳаи фарҳанг ва сиёсат – «Пешвои асри XXI» сазовор донистанд.


1924

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашӯра Носирова.


1930

– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Михаил Табачников.


1936

– Зодрӯзи нависандаи русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, раъду барқ, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат