Ҷаласаи Шӯрои нозирони МОИ дар ҳузури муовини аввали нахуствазир



Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и кишвар доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон ин Шӯроро раисӣ мекунад, аз ҳозирин дархост кард, ки мушкилот ва монеъаҳо дар рушди МОИ-и Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри бартараф кардани онҳо роҳу воситахо ва тадбирҳо пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа оид ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар тавсияҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное