Зайд Саидов боз ду моҳ дар СИЗО мемонад

Суди ноҳияи Фирдавсӣ дархости Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи дароз кардани муҳлати нигаҳдории Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) боз ба муддати ду моҳи дигар ҷиҳати идомаи тафтиш аз рӯи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофорӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ-ро қонеъ кард. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, акнун ягона адвокати […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Суди ноҳияи Фирдавсӣ дархости Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи дароз кардани муҳлати нигаҳдории Зайд Саидов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) боз ба муддати ду моҳи дигар ҷиҳати идомаи тафтиш аз рӯи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофорӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ-ро қонеъ кард.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, акнун ягона адвокати соҳибкор, Зайд Саидов то ҳанӯз аз дарди меъда азият мекашад. «Рӯзи душанбе, 18-уми август фелдшер ӯро муоина карда, доруҳои нав тавсия дод. Ин дарди кӯҳна аст ва чун ахиран ӯ хеле зиёд асабӣ мешавад, дард ҳам бештар хурӯҷ мекунад», – қайд кард И.Табаров.

Қобили зикр аст, ки нисбати соҳибкор Зайд Саидови аз ҷониби Суди олӣ ба 26 соли зиндон маҳкумшуда парвандаи нави ҷиноӣ боз шуда буд, ки мутобиқи он Зайд Саидов ҳамчун «роҳбари ғайрирасмӣ»-и ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» муаррифӣ шуда, ба азхудкунии воситаҳои буҷети барои сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» пешбинишуда айбдор карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон умуман мафҳуме ба монанди «роҳбари ғайрирасмӣ» вуҷуд надорад. «Дар Кодекси ҷиноӣ фасли алоҳидаи «Ҷиноят бар зидди ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ» мавҷуд аст, ки дар он як қатор моддаҳо ҷиноёти мансабиро дар бар мегиранд, аммо дар ҳеҷ ҷои КҶ истилоҳи «роҳбари ғайрирасмӣ» дарҷ наёфтааст», – зикр кард ҳуқуқшинос.

Ёров ҳамчунин таъкид дошт, ки агар дар корхона ягон ҷинояти иқтисодӣ содир карда шавад, мувофиқи қонун танҳо шахсони расмӣ ё роҳбарони корхона ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «Ба ҳеҷ гунае хешону наздикони намояндагони расмии корхона, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ба корхонаи мазкур муносибат надоранд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда наметавонанд. Илова бар ин, муассиси корхона низ барои қонуншикании аз ҷониби роҳбарони корхона содиршуда масъул нест»,- қайд кард Ёров.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» зикр мегардад, ки ҷамъият соли 20007 таъсис дода шуда, муассиси он Саидов Хайрулло Зайдович мебошад. Номи Зайд Саидов дар ҳеҷ ҷое зикр нагардидааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд. Аз рӯи дигар моддаҳои пешниҳодшуда суд ҷиҳати тафтишоти дубора таъинот содир намуд, зеро тибқи ин моддаҳо айби Саидов собит карда нашуд.

Мурофиаи судӣ нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли 2013 оғоз гардида, пушти дарҳои баста дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дошт.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми майи соли 2013 дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз ваколатҳои мансабӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.