Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар пойтахт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар пойтахти кишвар ширкат варзид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ки аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти гуногун дар пойтахти кишвар ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ки аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ иборат аст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмаа сарвари давлат зикр кард, ки ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.

«Дар маҷмааи имрӯза инчунин чопхонаи муосир ба фаъолият шурӯъ намуд, ки метавонад дар рушди саноати полиграфии кишвар саҳми сазовор гузорад. Чопхона имконият дорад, ки ҳама гуна маҳсулоти чопиро бо нархҳои дастрас ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нашр намуда, дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чопиро афзун намояд. Бояд гуфт, ки корхона бо дарназардошти навтарин технологияи воридкардаи худ имконият дорад, ки бори аввал дар кишвари мо истеҳсоли коғазро аз нахи пахта ба роҳ монад», – гуфт президент.

Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт- 90» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сарвари давлат изҳор намуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории пойтахт ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, муътадил нигоҳ доштани нарх, фароҳам овардани шароит барои фурӯши маҳсулот бевосита аз ҷониби кишоварзон, вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони ноҳияҳои наздики пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон бастани шартномаҳои ҳамкориро дар бобати харид ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшанд.

«Агар соли 2005 дар соҳаи савдову хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 27 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда бошанд, пас ин нишондиҳанда ҳоло беш аз 36 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне дар зарфи нуҳ сол шумораи соҳибкорон 9 ҳазор нафар зиёд гардидааст», – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.